Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

33 сол пас аз ишғоли сафорати Амрико дар Теҳрон


Донишҷӯёни эронӣ вориди бинои сафорати Амрико дар Теҳрон мешаванд. 4-уми ноябри соли 1979. Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни эронӣ вориди бинои сафорати Амрико дар Теҳрон мешаванд. 4-уми ноябри соли 1979. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи ҷумъа ба муносибати рӯзи ишғоли сафорати ИМА дар Теҳрон, тазоҳуроте дар муқобили бинои пешини сафорат баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, дар қатъномаи ин тазоҳурот гуфта шудааст, ки Амрико ҳамчунон «Шайтони бузург» аст.

Дар ин қатънома ҳамчунин ончи лашкаркашӣ ба кишварҳои исломӣ, тавтеаҳо алайҳи Лубнон, Ҳизбуллоҳ, давлат ва миллати Сурия ва қатъи пахши барномаҳои моҳвораии радио ва телевизиони Эрон хонда шуд, маҳкум шуд.

Муҳаммадризо Нақавӣ, раиси Созмони мустазъафини Эрон ҳам дар суханронӣ дар ин маҳал гуфт, «пас аз 4-уми ноябри соли 1979, иқтидори Амрико рӯ ба завол гузошт ва дар муқобил Эрон рӯ ба пешрафт ниҳод».

4 ноябри соли 1979, баъди чанд моҳи инқилоби исломӣ дар Эрон, ки бо барканории режими Ризошоҳи Паҳлавӣ анҷомид, донишҷӯёни инқилобӣ ба сафоратхонаи Амрико дар Теҳрон ҳуҷум карда 52 дипломатро гаравгон гирифтанд ва ба ҳамин тарз 444 рӯз вазъро зери назари худ нигаҳ доштанд. Ин бӯҳрони дарозмуддат боиси қатъ шудани равобити дипломатии Эрон ва ИМА гардид, ки то имрӯз барқарор нашудааст.

Моҳҳои охир кишварҳои ғарбӣ, ҳалқа таҳримҳо ба рӯи Эронро тангтар кардаанд ва равобит миёни Амрико ва Эрон боз ҳам печидатар шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Эронро ба сохтани силоҳи ҳастаӣ барои аҳдофи низомӣ муттаҳам мекунанд. Амре, ки Эрон ҳамвора онро рад кардааст.


XS
SM
MD
LG