Пайвандҳои дастрасӣ

Марафон дар Ню-Йорк, ки қарор буд рӯзи якшанбе баргузор шавад, бинобар харобиҳои тӯфони Сэнди, ба таъхир афтодааст.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, ин тасмим дар ҳоле гирифта шудаааст, ки пештар шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумберг эълон карда буд, ки мусобиқаи солонаи марафони Ню-Йорк дар вақти муқарраршуда, яъне рӯзи якшанбе баргузор хоҳад шуд. Вале бисёре аз ин тасмими шаҳрдор интиқод карда ва хостори таъхир дар баргузории ин мусобиқа шуданд.

Тибқи гузоришҳо, марафони Ню-Йорк яке аз рӯйдодҳои пуртарафдори варзишӣ дар дунё аст ва қарор буд беш аз 40 ҳазор нафар даванда дар ин мусобиқа ширкат кунанд.

Майкл Блумбер пештар гуфта буд, ки баргузории мусобиқаи марафон дар Ню-Йорк рӯҳияи муқовиматгрои шаҳрро ба намоиш хоҳад гузошт. Вай ҳамчунин ба тасмими баргузории ин мусобиқа пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ишора карда буд, ки ин мусобиқа дар вақти муъайяншуда баргузор шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, шумораи қурбониёни тӯфони Сэнди ба 102 нафар расид. Дастикам 41 нафар дар шаҳри Ню-Йорк кушта шуданд.

Шаҳрдори Ню-Йорк пас аз эълони таъхири ин мусобиқа, гуфтааст, ки баргузоркунандагони ин мусобиқа рӯзҳои ояндаи маълумоте дар хусуси баргузории ин мусобиқа ироа хоҳанд кард.

.
XS
SM
MD
LG