Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Амрико 171 000 ҷойи нави корӣ офаридаанд


Дар Амрико танҳо дар моҳи октябр 171 ҳазор ҷойи кории нав офарида шудааст, ки назар ба пешбинии иқтисодонҳо ва ҳам ду моҳи пеш зиёдтар аст. Айни замон сатҳи бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳида сифру аз даҳ як дар сад афзуда, ба ҳафту аз нӯҳ дар сад расидааст. Афзоиши ҷойҳои корӣ дар Иёлоти Муттаҳида метавонад, шанси Барак Обама барои пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурииро бештар кунад, ки рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад. Митт Ромни, рақиби Барак Обама аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ гуфтааст, ки афзоиши андаки ҷойҳои корӣ, “як ёдраси ғамангези дигар аз иқтисоди тақрибан беҳаракати Амрикост.”
XS
SM
MD
LG