Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Ромнӣ таблиғотро аз сар гирифтанд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар нахустин мулоқоташ бо интихобкунандагон дар аёлати Висконсин баъди аз сар гирифтани маъракаи пешазинтихоботӣ, ба зуҳури беҳтарин хислатҳои амрикоиҳо рӯзҳои сангини тӯфони “Сэнди” таъкид кард.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико дар рӯ ба рӯи ҳама офату фоҷиа якдилу яктан мешавад ва ихтилофу тафриқа дар ҷомеъа аз байн меравад. “Рӯзҳои тӯфон ман на демократҳову ҷумҳурихоҳон, балки амрикоиҳои асилро дидам”, гуфта раисиҷумҳури Амрико.

Барак Обама барои се рӯз, замони бедодгариҳои тӯфони “Сэнди”, маъракаи пешазинтихоботияшро мутаваққиф кард, то ки фақат рӯи масоили марбут ба тӯфон ва рафъи паёмадҳои он тамаркуз кунад.

Рақиби Барак Обама аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ ҳам, ки маъракаи таблиғотии худро боздошта буд, рӯзи панҷшанбе бо интихобкунандагон дар аёлати Вирҷиния мулоқот дошт.

Коршиносон мегӯянд, ки ҳарду номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ барои пирӯзӣ шонси баробар доранд ва натиҷаи интихобот шояд ба раъйҳои интихобкунандагон дар даҳ аёлати ба истилоҳ “дудила”, аз ҷумла, Огайо, пайванд бигирад.

То интихоботи президенти ИМА чаҳор рӯзи дигар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG