Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон дар парлумони Албания суханронӣ кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз вакилони парлумони Албания хост, ки талошҳоро барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо идома диҳанд ва мубориза бо фасодро таҳким бубахшанд.

Дар суханронӣ дар парлумони Албания, бо ишора ба гузаштаи коммунистии кишвар, ӯ гуфт, ки “шумо роҳи тулониеро тай кардед ва набояд бозистед”. Хонум Клинтон ҳамчунин аз вакилон хостори беҳтар кардани низоми интихоботӣ шуд. Ду интихоботи ахири парлумонӣ дар Албания боиси низоъ миёни гурӯҳҳои сиёсии кишвар гардид.

Соли 2009 Албания ба Паймони НАТО пайваст ва хостори узвият ба Иттиҳодияи Аврупо шуд. Аммо низоъҳои сиёсӣ дар кишвар ва кундии ислоҳот то ҳол монеъаҳои аслӣ дар ин ҷода боқӣ мемонанд.

Ҳилларӣ Клинтон сафари панҷрӯзаи худ ба бахши ғарбии нимҷазираи Балканро бо ташриф ба Тирана анҷом дод. Ӯ тайи ин сафар бо мақомоти Босния, Сербия, Косово ва Хорватия дидору гуфтугӯ кард.
XS
SM
MD
LG