Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шифохонаи бузурги Ню Йоркро холӣ карданд


Дар идомаи рафъи паёмадҳои тӯфони вайронгари Сенди дар Ню Йорк, мақомоти ин шаҳр тақрибан 500 бемори яке аз шифохонаҳоро ба бемористони дигаре бурданд. Тӯфони мазкур, ки 70 нафарро дар Амрико кушт, таҳхонаҳои бемористони Белевю дар маркази Ню Йоркро пур аз об карда ва системаи таъмини нерӯи барқи онро аз кор андохтааст. Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк, гуфт, ки тамоми беморони ин шифохонаи ёрии таъҷилиро ба бемористонҳои дигар бурдаанд. Мақомоти Ню Йорк пештар аз маҷбур шуданд, ду бемористони дигарро холӣ кунанд, аз дасти тӯфони Сенди дар амон намонданд. Ин тӯфони вайронгар, ки рӯзи душанбе ба Ню Йорк расид, 20 нафарро кушта ва бо бедодгарии зиёд, кори шабакаҳои таъмини нерӯи барқ, баъзе аз хатҳои метрои шаҳр баҳам зада ва харобии зиёде гузошт.
XS
SM
MD
LG