Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Disney барои Lucasfilm беш аз $4 миллиард пардохт кард


Ширкати Walt Disney дар бораи харидории ширкати синамои Lucasfilm – тавлидкунандаи силсилафилми маъруфи “Ҷангҳои ситораҳо” ва таҳиягари он Ҷорҷ Лукас ба маблағи беш аз 4 миллиард доллар хабар дод.

Лукас дар як изҳорот гуфт, замон он расидааст, ки “Ҷангҳои ситораҳо” дар ихтиёри насли нави синамогарон гузошта шавад.

Намояндагони Disney хабар доданд, ки барои навори бахши ҳафтуми силсилафилми “Ҷангҳои ситораҳо” омодагӣ мегиранд ва он соли 2015 ба маърази намоиш гузошта хоҳад шуд. Қарор аст, ки баъдан боз ду бахш аз ин силсилафилм навор бардошта шавад. Ҷорҷ Лукас ба ҳайси мушовир дар таҳияи ин филмҳо пазируфта шудааст, аммо ному насаби таҳиягар махфӣ нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG