Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Лавров алайҳи сиёсӣ кардани ҳуқуқи башар


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Минск гуфт, Маскав мухолифи сиёсӣ кардани ҳуқуқи башар ва истифодаи меъёрҳои дугуна дар ин масъала аст. Ӯ кишварҳоро алайҳи иқдомҳои якҷониба дар бастагӣ ба ҳуқуқи инсон ҳушдор дод.
Ҳамтои беларуси ӯ Уладзимер Макей гуфт, онҳое, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишвари ӯро танқид мекунанд, аҳдофи сиёсии худро пеш мебаранд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба саркӯбии мухолифин ва ҷомиаи шаҳрвандӣ алайҳи давлати Аляксандр Лукашенка таҳримот ҷорӣ кардаанд. Минск инро нақзи Оинномаи СММ ва қонунҳои байналмилалӣ мешуморад.
XS
SM
MD
LG