Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯфони “Сендӣ” дар шимолушарқи Амрико ва Канада то ин соат дастикам 14 кушта ба ҷо гузоштааст. Ин тӯфон бо бодҳо ва обхезиҳои шадид шоми душанбе ба соҳилҳои Атлантик-Ситӣ ва Ню-Ҷерсӣ расид. Тӯфон манзилҳоро тахриб карда, қариб 6 миллион нафарро аз барқ маҳрум сохтааст. Мақомоти Ню-Ҷерсӣ бо эъломи ҳолати омодабош гуфтаанд, обхезии афзоянда метавонад ба кори нирӯгоҳи ҳастаӣ осеб бирасонад. Ҳаҷми зиёни расондаи тӯфон ғолибан то шом маълум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG