Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи саввуми созиши оташбас дар Сурия


Созиши оташбас миёни ҳукумат ва шӯришиён дар Сурия ба рӯзи саввуми худ ворид шуд. Ду рӯзи аввал ҳар ду тараф бар хилофи созиш амал карданд ва дар даргириҳо миёни онҳо дар гӯшаҳои мухталифи Сурия аз ҷумла шаҳрҳои Ҳалаб, Дайр ал-Зур ва канораҳои шаҳри Димишқ 70 нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, рӯзи шанбе як ҳавопаймои артиши Сурия хонаеро дар маҳалли Арбин дар наздикии Димишқ ба хок яксон карда ва 8 нафарро куштааст. Дар даргириҳои рӯзи ҷумъа дар Сурия 150 нафар ҷон доданд. Созиши оташбаси чаҳоррӯза дар рӯзҳои Иди Қурбон бо мусоидати Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал ҳосил шуд, ки ба гуфтаи ӯ метавонад, заминае барои хотима додан ба муноқишаи 19-моҳа дар Сурия шавад.
XS
SM
MD
LG