Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тифли бенишоншудаи тоҷикро пайдо карданд


Баъди 18 рӯзи ҷустӯҷу дар ноҳияи Ҳисор, ҷасади Шаҳриёр Ҳусейнови 3-cоларо пайдо кардаанд, ки нопадид шудани ӯ сокинони ин ноҳияро ба тарсу таҳлука андохт. Яке аз хешовандони Зубайдулло Ҳусейнов, падари Шаҳриёри ғӯрамарг рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Шаҳриёрро дар рӯдхонаи Хонақоҳ, ки аз маҳалли зисти онҳо аз рустои Тутака мегузарад, ҳамсояҳо пайдо кардаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки гӯиё Шаҳриёрро афроди ношиносе дар мошин бурдаанд. Нопадид шудани ин тифл сокинони ноҳияи Ҳисорро ба ҳадде ба таҳлука андохт, ки то чанд рӯз фарзандонашонро худашон ба мактаб мебурданд ва ҳатто баъзе аз онҳо рӯзи Иди Қурбон бачаҳояшонро нагузоштаанд, ки ид кунанд.
XS
SM
MD
LG