Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои ҳабси нашъафурӯшони калон маблағ дод


Иёлоти муттаҳидаи Амрико барои мустаҳкам кардани марзҳо, мубориза бо савдои одамон ва беҳбуди фазои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон 9 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо намудаст.
Созишномаи дахлдорро дар ин бора Сюзан Эллиот, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Рустам Назаров, роҳбари Оҷонсии мубориза бар зидди маводи мухаддир имзо намудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағи ҷудошуда барои ислоҳоти мақомоти дохила, ташкили гуруҳҳои ҳамоҳангсоз миёни мақомоту ҷомеа ва инчунин такмили ихтисоси кормандони қудратӣ истифода хоҳад шуд. Баробари ин баҳри дастгир намудани нашъафурӯшони махсусан калон дар Тоҷикистон, Амрико ба Оҷонсии назорати гардиши маводи мухаддир 1 миллион доллар ҷудо намудаст.
Дар маҷмӯъ Амрико ба Тоҷикистон сар аз соли 1992 то ҳозир ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ кӯмак кардаст.
XS
SM
MD
LG