Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 27 намозгузор дар рӯзи иди Қурбон


Дар як таркиши маргталабона дар рӯзи иди Қурбон дар шимолуғарби Афғонистон дастикам 27 тан кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шуданд. Бомбгузор худро дар дохили масҷиде дар Маймана- маркази вилояти Форёб дар соате тарконд, ки мардуми зиёд барои адои намози ид ҷамъ шуда буд. Сухангӯи пулиси минтақа Лалъмуҳаммад Аҳмадзай ба Радиои Афғонистони озод гуфт: «Бадбахтона, баъди намози ид маргталаб маводи мунфаҷираро дар байни издиҳом тарконд. Дар натиҷа 27 кас шаҳид шуд.» Касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Раҳбари Толибон Мулло Умар як рӯз қабл аз тарафдоронаш хоста буд, ки дар рӯзи ид аз ҳамлаҳо худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG