Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рай дод


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама нахустин раиси ҷумҳури Амрикост, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қабл аз вақт рай дод. Вай бо истифода аз имкон 12 рӯз пеш аз интихобот дар зодгоҳаш шаҳри Чикаго райи худро ба сандуқ андохт.

Интихобот 6 ноябр баргузор мешавад. Тибқи муқаррароти мавҷуда аз 50 аёлати Амрико 32-тои он имкон доранд, ки пеш аз вақт дар интихобот рай диҳанд.

Обама бо истифода аз имкон аз ҷонибдоронаш хост, ки онҳо низ метавонанд рӯзи интихоботро мунтазир нашаванд ва пеш аз интихобот рай диҳанд.

Бино ба назархоҳиҳо, Обама нисбат ба рақиби худ каме бартарӣ дорад, вале мумкин аст на ҳамаи ҷонибдорони Обама дар райдиҳӣ ширкат кунанд, дар ҳоле, ки интизом дар Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Митт Ромнӣ қаввитар аст ва онҳо дар интихобот фаъолтар ширкат хоҳанд кард.

Ба ин далел ситоди Обама мехоҳад, ки ҷонибдоронаш аз ҳоло рай диҳанд.
XS
SM
MD
LG