Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Гроссман дар Афғонистон баҳси марзӣ барангехт


Хатти марзии Покистон ва Афғонистон байни шаҳри Ҷалолобод ва Пешовар.
Хатти марзии Покистон ва Афғонистон байни шаҳри Ҷалолобод ва Пешовар.

Изҳороти нави дипломатҳои Амрикоӣ дар мавриди хатти Дуранд, аксуламалҳо ва хашми давлати Афғонистонро барангехтаст.

Дипломатҳои хориҷӣ вақти сӯҳбат дар бораи Хати Дуранд ҳамеша бо эҳтиёт сӯҳбат мекунанд, зеро хуб медонанд, ки масъалаи тақсими сарҳади як замон Ҳинди мустамликаи Бритониё ва Афғонистон масъалаи бисёр ҳассос аст.

Аммо Марк Гроссман, фиристодаи хоси Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистону Покистон дар мусоҳиба бо як телевизиони хусусии Афғонистон ошкоро иброз дошт, ки кишвараш ҳамин хатро ба унвони марзи байни ду кишвар мешиносад. Албатта то кунун ҳам маълум буд, ки Иёлоти Муттаҳида сарҳадеро, ки соли 1893 Бритониё байни мустамликаи худ, Ҳинд ва шоҳигарии Афғонистон кашид, ҳамчун сарҳади ҳозираи ду тараф эътироф мекунад.

Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико барои Покистон ва Афғонистон.
Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико барои Покистон ва Афғонистон.
Инро Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ҳам рӯзи 24-уми октябр дигарбора таъкид кард. Ӯ дар посух ба шарҳи баёнияи Марк Гроссман гуфт: “Сиёсати мо дар ин замина тағйир наёфтааст. Сафири мо Марк Гроссман дуруст гуфт, ки мо Хати Дурандро ба ҳайси сарҳади байналмилалӣ медонем."

Вале бо вуҷуди ин шарҳи дипломатҳои амрикоӣ, мақомоти Афғонистон асабонӣ кард, чун онҳо Хати Дурандро баъд аз ҷудо шудани Покистон аз Ҳинд дар соли 1947 ба расмият намешиносанд. Рӯзномаи “Висо”-и Афғонистон ин ҳафта аз қавли чанде аз вакилони мардумии афғон навишт, ки баёнияи Марк Гроссман як навъ дахолат ба умури дохилии Афғонистон мебошад.

Ориян Юн, узви кумиссиёни умури байналмилалии Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Онҳое, ки дар ин бора назар медиҳанд, назари шахсии худашон аст, ба он хотир ки ҳатто мо вакилони Вулуси Ҷирга ҳаққи тасмимгирӣ дар бораи ин хатро надорем. Ин ҳаққи мардуми Афғонистон дар ин тараф ва он тарафи Хати Дуранд аст, ки чӣ тасмим мегиранд, барои ин бояд дар ҳарду тараф раъйпурсӣ сурат бигирад.”

Вокуниши вазорати умури хориҷии Афғонистон ҳам дар ин бора кӯтоҳу мухтасар буд, ки гуфт Хати Дуранд як масъалаи таърихӣ барои мардуми Афғонистон буда ва машрӯъият бахшидан ба он дуруст нест. Хати Дуранд аз миёни сарзаминҳои қабоилнишини пашту мегузарад, ки дар ғарби он паштуҳои афғон ва дар шарқи хат, паштуҳои Покистон сукунат доранд.

Абдул Ғафур Ливал, раиси Маркази Таҳқиқоти Масоили Минтақавӣ дар Афғонистон мегӯяд, масъалаи Хати Дуранд, яке аз мавзӯъҳои муҳимтарини миллии афғонҳост аст ва аз ин рӯ ҳар вақте хориҷиён ба он мерасанд, афғонҳо садо баланд мекунанд: “Машрӯъият бахшидан ба ин хат ҳаққи оммаи мардум дар ҳарду тарафи марз аст. Чун мавзеъи расмии ҳукумати Афғонистон ҳамин аст, онҳо зуд ба баёнияи Марк Гроссман эътироз карданд."

Вале на танҳо Амрико балки кишварҳои зиёди дигар низ Хати Дурандро ба ҳайси сарҳади миёни Афғонистону Покистон ба расмият мешиносанд ва Ҷеймс Каннингам, сафири Иёлоти Муттаҳида рӯзи сешанбе дар сӯҳбате бо хабарнигорон дар Кобул ба ин масъала ишора кард.

Абдул Ғафур Ривал, ки пажӯҳишгоҳашон тобеъи ҳукумати Афғонистон аст мегӯяд, ҳанӯз ҳам бисёре аз афғонҳо орзуи онро доранд, ки Афғонистон қаламравҳои васеъи худро пас хоҳад гирифт, ки то замони мустамликасозии аврупоиҳо дар Осиёи Ҷанубӣ дошт. Афғонистони ҳозира баъди аз ҳам пошидани сулолаи паштуҳои Дурронӣ дар қарни 18 таъсис ёфт, ки он замон марказаш дар Қандаҳор буд. Ҷангу рақобатҳои дохилӣ дар ниҳоят сабаби заъфи сулолаи Дуррониҳо шуд, ки қаламравҳои васеъи Покистону шимоли Ҳиндро дар даст доштанд. Баъди вуруди Бритониё ба шимоли Ҳинд дар қарни 19 сулолаҳои турк ва афғон, ки қарнҳо дар Осиё ҳукмравоӣ мекарданд, нуфузи пешинаи худро аз даст доданд.

Баъди шикасти сахт аз афғонҳо дар ҷанги соли 1842, Бритониё дар ниҳоят бахше аз Афғонистонро ишғол кард ва соли 1879 ин манотиқро бо як аҳдномаи маҷбурӣ аз худ кард. Дар он замон бритониёгиҳо Кобулро ишғол карда буданд. Баъдан бар асоси аҳдномаи ҷанҷолии соли 1883 миёни шоҳи Афғонистон Амир Абдураҳмон ва Мортимер Дуранд, вазири умури хориҷии вақти Бритониё, манотиқи ишғолӣ расман ба Бритониё дода шуд ва Хати Дуранд ҳам аз инҷо ном гирифт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG