Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт корманди шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хоруғ аз мақом барканор шуданд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо қарори раҳбари ин сохтор генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар Раёсати ВКД дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, капитани милитсия Боронбоев Асалбек Пазилович ва сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ подполковники милитсия Лашкаров Маҳкам Мавлододович аз мақомашон барканор шуданд.

Чунин тасмим рӯзи 20 октябр дар ҷараёни як ҷаласа, ки ба натиҷагирии кори сохтори вазорати дохила дар Бадахшон ихтисос ёфта буд, гирифта шуд. Дар қарор гуфта мешавад, ки ин ду мақомдор "бинобар сабаби бо гурӯҳҳои ҷиноятии дар шаҳри Хоруғ буда алоқамандӣ доштан, инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба масъулияти ба зиммадошта, 7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд".

XS
SM
MD
LG