Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бейрут маросими видоъ бо Висом Ҳасан баргузор шуд


Таркише, ки боиси ҳалокати Висом Ҳасан шуд

Таркише, ки боиси ҳалокати Висом Ҳасан шуд

Имрӯз ҳазорҳо нафар дар Майдони шуҳадои Бейрут дар маросими видоъ бо генерал Висом Ҳасан, яке аз раҳбарони хадамоти амнияти дохилии Лубнон, ширкат карданд. Ӯ ҳамроҳ бо ҳафт нафари дигар рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар майдони Ашрафияи пойтахт ба ҳалокат расид.

Дар арафаи маросими дафн дар пойтахти Лубнон чораҳои шадид амниятӣ андешида шуданд. Барои таъмини амният дар хиёбонҳо ба ҷуз кормандони полис низомиён ҳам сафарбар шудаанд. Ҳадс зада мешуд, ки ин маросим ба намоиши зиддиҳукуматии мухолифин табдил мешавад, зеро раҳбари мухолифини ҳукумат Саъд Ҳарирӣ аз мардум даъват карда буд, ки ба маросими дафн биёянд.

Саъд Ҳарирӣ дар таркиши Бейрут, ки онро Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористӣ номид, ҳам мақомоти Лубнон ва ҳам Сурияи ҳамсояро муттаҳам кард. Мухолифин истеъфои ҳукуматро, ки аз “Ҳизбуллоҳ” – гурӯҳи пуштибон аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҳимоят мекунад, талаб намуданд.

Дирӯз нахуствазири Лубнон Наҷиб Микотӣ изҳор намуд, ки ба хотири ваҳдати миллӣ барои истеъфо омода аст ва аммо бо тавсияи раисиҷумҳур Мишел Сулаймон тасмимашро бознигарӣ кард. Микотӣ аз нерӯҳои сиёсии кишвар даъват намуд, ки барои бурунрафт аз бӯҳрони феълӣ пушти мизи музокирот нишинанд.

Дар Лубнон мубориза миёни гурӯҳҳои сиёсӣ, ки дар бораи низоъ дар Сурия назари мухталиф доранд, шиддат мегирад.
XS
SM
MD
LG