Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду тоҷикро дар Афғонистон боздошт кардаанд


Раёсати Амнияти Миллии Афғонистон мегӯяд, ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, ки узви гурӯҳи террористии Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд. Шафиқулло Тоҳирӣ, сухангӯи ин раёсат рӯзи сешанбе дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ин ду нафар дар Вазиристони Шимолии Покистон омӯзиш дида ва бо ҳадафи анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ва харобкорӣ ба Кобул ворид шудаанд. Ҳарду нафарро дар тангии Пули Чархӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи Шафиқулло Тоҳирӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бо худ шиносномаи тақаллубии афғонӣ доштаанд. Дар видеое, ин ду нафар эътироф кардаанд, ки гӯё аз роҳи Озарбойҷон ба Эрон ва сипас ба Покистон рафта ва бо ҳадафи ҷиҳод ба Афғонистон омадаанд.
XS
SM
MD
LG