Пайвандҳои дастрасӣ

"Дар миёни мо Эйнштейнҳои зиёде нуҳуфтаанд, аммо..."


Равшан Абдуллоев (Акс аз Фейсбук)

Равшан Абдуллоев (Акс аз Фейсбук)

Равшан Абдуллоев мушкили аслӣ дар кишварро "фасоду маҳалгароӣ" донист, ки 20 сол боз монеи пешрафт шудааст.

Равшан Абдуллоев, ҷавони 28-солаи тоҷик, ки бо маълумоти дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гирифтааш ба роҳбарии Бунёди АвруОсиё дар минтақа ноил шудааст, бо Радиои Озодӣ дар мавриди имкониятҳои ҷавонони тоҷик сӯҳбат дошт.

Ҷаноби Абдуллоев гуфт, аслан таваҷҷӯҳ ба чанд шахс ё гурӯҳ равона шуда, аксарият аз назарҳо пинҳон мондаанд. Ӯ афзуд, "набояд дар фикри ду-се нафар, балки дар андешаи тамоми ҷавонон бошем. Барои нигоҳ доштани ҷавонон дар Тоҷикистон имкониятҳоро фароҳам кардан лозим аст. Бовар кунед, миёни ҷавонони мо чандин Эйнштейнҳо нуҳуфтаанд."

Равшан Абдуллоев барои зуҳури Эйнштейнҳои тоҷик зарур донист, нобоварие, ки ҳоло бисёре аз ҷавонони тоҷикро фаро гирифтааст, аз байн бурда шавад. Барои ин, ӯ ҳимоят аз ташаббус ва андешаву пешниҳодҳои ҷавононро дар сатҳи ҳукуматҳои маҳал ва ҷумҳурӣ муҳим донист. "Дар ҳоли ҳозир дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон масҷид ягона ҷойест, ки ҷавонон табодули афкор мекунанд. Бояд ба ҷавонон имкон дода шавад, ки дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллию ҷумҳурӣ фаъолу ташаббускор бошанд. Он вақт ҷавонон ба худ бовар ҳосил мекунанд",-илова кард ӯ.

Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, вазъи кунунӣ дар Тоҷикистон, ки аксари ҷавонон муҳоҷират дар Русияро ихтиёр мекунанд, бояд барҳам хӯрад: "Бояд фазое фароҳам шавад, ки толибилмони тоҷик мақсад гузоранд, баъд аз мактаби миёна ба донишгоҳ рафта, пас аз хатми он ба ватани майдаи худ баргашта, талоши ободии онро мекунанд."

Мусоҳиби мо омилҳои аслии монеи рушди Тоҷикистонро "фасоду маҳалгароӣ" дониста ва гуфт, "бояд ҷудоиандозӣ набошад. Зарур аст, дар фикри кулли ҷавонон бошем, ки дар Тоҷикистон ҳастанду мехоҳанд ояндаи худро бо дастони худ созанд."

Равшан Абдуллоев бовар дорад, ки барои даст ёфтан ба муваффақиятҳо, ҳатмӣ нест, шахс таҳсилкардаи донишкадаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бошад. "Баъзан дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ, зимни қабули корманд ба шахсоне авлавият медиҳанд, ки дар хориҷа таҳсил гирифтаанд. Ин кор он қадар хуб нест. Бо маълумоти дар Тоҷикистон гирифта, ҳам агар шахс талош ва ба худаш бовар кунаду фикру корашро пеш барад, ба муваффақиятҳо ноил хоҳад шуд",-мегӯяд ӯ.

Дар маҷмӯъ, ҷаноби Абдуллоев таъкид кард, сарфи назар аз ҳамагуна гуфтугузорҳо Тоҷикистон "каму беш" кишвари демократист. Ба суоли Радиои Озодӣ, ки дар ин сурат чаро бисёре аз ҷавонон, ҳатто онҳое, ки шароити нисбатан хуби кору зиндагӣ доранд, нияти тарки кишварро доранд, ӯ чунин посух дод: "Ба фикрам, бисёре аз ҷавонон ба хотири ояндаи беҳтар барои насли ояндаашон Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар Тоҷикистон барои рушди арзандаи насли наврас шароит нисбатан бадтар аст. Барои рушди насли наврас дар Тоҷикистон, аз кӯдакистонҳо сар карда, то донишгоҳу хизматрасониҳои тиббӣ шароити лозима фароҳам нагардидааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG