Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Эрон ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо


Вазорати корҳои хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе гуфт, таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо наметавонад Теҳронро маҷбур созад, ки бо кишварҳои абарқудрат ба сари мизи музокира баргардад. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорат дар нишасти хабарие дар Теҳрон гуфт:

“Ин иқдомот иштибоҳ аст ва ҳеҷ дастоварде барои онҳо надорад. Фақат миллати мо мутаваҷҷеҳ мешавад, ки истиқлолашон аз ҳар чизи дигар аҳамияти бештар дорад ва ин фишорҳо ғайримантиқӣ ва ғайриусулист”.

Рӯзи душанбе Иттиҳодияи Аврупо воридоти гази Эронро мамнуъ ва дар иҷрои қарордодҳои молию тиҷоратӣ маҳдудиятҳои дигар эълон кард.
XS
SM
MD
LG