Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон масъулияти амнияти дипломатҳоро бар дӯш гирифт


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико масъулияти амният дар консулгарии Амрико дар Либияро бар ӯҳдаи худ гирифт. 11 сентябр дар ҳамлае ба консулгарӣ тундравҳо сафири Амрико ва се нафари дигарро ба қатл расонданд. Хонум Клинтон гуфт, ки вай масъулияти амнияти намояндагиҳои дипломатии Амрико дар кишварҳои хориҷиро бар ӯҳдаи худ мегирад:

“Ман масъулиятро бар ӯҳда мегирам. Ман раҳбарии 60 ҳазор корманди вазорати корҳои хориҷӣ ва илова бар он кормандон дар 275 нуқтаро бар дӯш дорам”.

Хонум Клинтон афзуд, президент Барак Обама ва Ҷо Байден-муовини вай дар гирифтани тасмими амниятӣ роҷеъ ба консулгарии Амрико дар Бенғозии Либия ширкат накардаанд.

Ин тавзеҳоти Клинтон дар ҳоле садо дод, ки қарор аст рӯзи сешанбе дар мубоҳисоти интихоботии номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Демократ Барак Обама ва аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ дар бораи ин масъала суолҳо матраҳ шавад.
XS
SM
MD
LG