Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои вазорати маориф аз донишгоҳҳои Тоҷикистон


Алидод Расулов-сардори раёсати вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, Вазорати маориф мехоҳад, ки масъулони донишгоҳҳо ба ширкати донишҷуён дар семинарҳои созмонҳои байналмилалӣ назорат кунанд.

Алидод Расулов гуфт, ки онҳо пештар баргузории семинари як сомзони хориҷӣ «Lert International “ дар Тоҷикисонро мамнуъ эълон кардаанд. «Мо намедонем, ки ҳадафи аслии ин созмнҳои чӣ аст ва баъд дар вақти дарс ва ба ҷои таҳсил донишҷӯ дар семинари созмонҳои байналмилалӣ чӣ кор мекунад. Албатта, бояд масъули донишгоҳ ин масъаларо ҷиддӣ, бигиранд».

Ин манбаъ афзуд дар ин бора номаи Вазорати маориф ба Донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар 8 октябр фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG