Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси назарпурсӣ беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳи сентябрро муайян кард.

Алишер Тӯйчиев, дарвозабони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон, беҳтарин бозигар, Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, беҳтарин мураббӣ ва Хуршед Дадобоев, аз шаҳри Хуҷанд, беҳтарин довар эътироф шуданд.

Беҳтаринҳои моҳи cентябр бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба маблағи 500 сомонӣ сарфароз мешаванд.

Ёдовар мешавем, беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довари моҳро мутахассисони соҳа бар аоси назархоҳӣ муайян мекунанд.

Ин назархоҳӣ моҳи майи соли равон шурӯъ шуда буд. Моҳи май Дилшод Восиев (нимҳимоятгари «Истиқлол»), Маҳмадҷон Ҳабибуллоев (сармураббии «Регар-ТадАЗ»), Равшан Ишматов (довар аз Қӯрғонтеппа), моҳи июн – Рустам Ризоев (дарвозабони «Равшан»), Никола Кавазович (сармураббии «Истиқлол»), Диловаршоҳ Орзуев (довар аз Ҳисор), моҳи июл – Шодибек Ғаффоров (ҳамлагари «Энергетик»), Тоҳир Муъминов (собиқ сармураббии «Хайр»), Раҳмон Муртазоев (довар аз Душанбе), моҳи август – Хуршед Маҳмудов (нимҳимоятгари «Регар-ТадАЗ»), Никола Кавазович (сармураббии «Истиқлол»), Насрулло Кабиров (довар аз Норак) беҳтарин бозигар, мураббӣ ва довар дониста шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG