Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Филиппин ва ошӯбгарон ба созиш расиданд


Бенинио Акино
Бенинио Акино
Дар Кохи раисиҷумҳури Филиппин созиши пешакӣ миёни ҳукумат ва бузургтарин гурӯҳи ошӯбгарони мусалмони кишвар имзо шуд.

Дар маросим раисиҷумҳур Бенинио Акино ва раиси Ҷабҳаи озодихоҳи исломии Моро Мурод Иброҳим ширкат доштанд. Мурод Иброҳим изҳор намуд, ки “ба раисиҷумҳур ва мардуми Филиппин дасти дӯстӣ дароз мекунад".

Бар пояи ин тавофуқ, то соли 2016 дар ҷануби Филиппин, ки асосан мусалмоннишин аст, минтақаи нави худмухтор ташкил мешавад. То он замон бояд ҳама гурӯҳҳои мусаллаҳи ошӯбгарон силоҳ ба замин гузоранд.

Музокирот миёни ҳукумати Филиппин ва Ҷабҳаи исломии озодибахши Моро чанд сол боз бо миёнҷигарии Малайзия идома дошт.

Созиш миёни ҳукумат ва ошӯбгарон метавонад ба набардҳо дар ҷануби Филиппин, ки тайи чиҳил сол мунҷар ба ҳалокати тақрибан 100 ҳазор нафар шудаанд, хотима гузорад.
XS
SM
MD
LG