Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аврупо алайҳи Эрон таҳримоти нав эъмол мекунад


Қарор аст, имрӯз Иттиҳодияи Аврупо ба хотири барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон, алайҳи ин кишвар таҳримоти иловагӣ эъмол кунад. Масъалаи мазкур имрӯз дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узв, дар Люксембург баррасӣ мешавад. Бино ба гузоришҳо, бар асоси таҳримҳои нав, муомилот бо бонкҳо ва тиҷорати Аврупо бо Эрон маҳдудтар хоҳад шуд. Ба гуфтаи дипломатҳои аврупоӣ, таҳримоти нав ба хотири фишор ба Эрон аст, то фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро боздорад, ки ба гуфтаи кишварҳои ғарбӣ метавонад, барои сохти бомби атомӣ бошад. Эрон мегуяд, бомби атомӣ намесозад. Дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин таҳримоти нав алайҳи ҳукумати Сурия ва Ҷумҳурии Белорус баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG