Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Русияро олуда ба тақаллуб хонданд


Мухолифони давлат дар Русия мегуянд, ки интихобот ба мақомоти маҳаллӣ дар саросари кишвар бо қонуншиканиҳои зиёде сурат гирифтааст, аз ҷумла бо раъйдиҳии такрорӣ ва пур кардани қуттиҳои раъй. Бино ба натиҷаҳои нопурраи муқаддамотии интихоботи губернаторҳои вилоятҳои Русия, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, намояндагони Ҳизби ҳокими Русияи Воҳид дар 77 вилоят пирӯз шудаанд. Натиҷаҳои 6 вилояти дигарро ҳануз эълом накардаанд. Мухолифони давлати Русия мегуянд, чун дар интихоботи порлумонии моҳи декабри гузашта ва чун дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи март, мақомоти расмӣ саъй кардаанд, то мардум дар интихобот ба тарафдории номзадҳои ҳукуматӣ раъй диҳанд. Нозирони созмони ғайриҳукуматии “Голос” гуфтаанд, ки шоҳиди садҳо қонуншиканиҳо дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ шуданд. Аммо Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфт, ки аз ҳеҷ “қонуншикании ҷиддие” хабар надорад ва Ҳизби Русия Воҳид дар интихобот ба муваффақият ноил шудааст.
XS
SM
MD
LG