Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваҳидӣ: "Ҳавопаймои бесарнишини сохти Эрон буд"


Давлати Эрон таъйид кард, ҳавопаймои бесарнишине, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Исроил фиристод, сохти Эрон будааст. Аҳмад Воҳидӣ, вазири дифоъи Эрон, рӯзи якшанбе ба телевизиони давлатии кишвараш гуфт, парвози ин ҳавопаймо ба қаламрави ҳавоии Исроил намоёнгари қудрати низомии Эрон аст. Созмони тундрави Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи 11 октябр эътироф кард, як чунин ҳавопайморо ба қаламрави ҳавоии Исроил сар дод, ки онро баъди 55 километр парвоз дар фазои Исроил сарнагун карданд. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки вуруди ҳавопаймо ба фазои Исроил нишондиҳандаи заъфи сипари дифоъи ҳавоии он кишвар аст, ки барои маҳви мушакҳои кутоҳпарвоз пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG