Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Мавританияро иштибоҳан тир задаанд


Раисиҷумҳури Мавритания Муҳаммад Оулд Абдулазиз рӯзи шанбе аз тири иштибоҳии сарбозон алайҳи корвони мошинҳояш “ҷароҳати сабук” бардошта, ба гуфтаи мақомот, ба ҳаёташ хатаре таҳдид намекунад. Абдулазиз феълан дар бемористони низомии Новакчот- пойтахти ин кишвари африқоӣ табобат мегирад. Вазири мухобироти Мавритания Ҳамдӣ Оулд Маҳҷуб гуфт, сарбозон корвони президентро нашинохта, оташ кушодаанд ва раисиҷумҳур аз дасташ тир хӯрд. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки Мавритания ба мавҷи ҳамлаҳои ҷангиёни исломии марбут ба Ал-Қоида аз хоки ҳамсояаш –Малӣ – рӯбарӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG