Пайвандҳои дастрасӣ

34,2 миллион доллар барои наққошии рассоми муосир


“Оинаи мавҳум(809-4)”, ки ба қалами рассоми олмонӣ Герҳард Рихтер тааллуқ дорад, дар музоядаи Sotheby's дар Лондон бо қимати 34,2 миллион ба фурӯш рафт. Чунин қимат барои наққошии як рассоми зинда то ҳол собиқа надошт ва 5,6 миллион доллар бештар аз рекорди қаблист. Дар соли 2010 наққошии Ҷаспер Ҷонс бо номи “Парчам” дар музоядаи Christie's дар Ню-Йорк бо нархи 28,6 миллион доллар савдо шуда буд.
XS
SM
MD
LG