Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Миср аз мақом рафтанӣ нест


Додситони кулли Миср амри барканориаш аз ҷониби раиси исломгарои ин ҷумҳурӣ Муҳаммад Мурсиро радд кард. Абдулмаҷид Маҳмуд рӯзи шанбе такроран гуфт, ки тарки мақом намекунанд, чунки Қонуни асосӣ ба раисиҷумҳур ҳаққи барканории додситони куллро намедиҳад. Маҳмуд ҳамчунин гуфт: “Ман дар ин мақом мемонам ва аз худаму аз мустақилияти додситонии кулл ва қозиҳо дифоъ хоҳам кард. Ман то замоне ки накушандам, аз мақом нахоҳам рафт.”
Таниши додситон ва раисиҷумҳури Миср дар ҳолест, ки Ихвонулмуслимин, ки аз Мурсӣ ҳимоят мекунад, Маҳмудро ба ироаи шавоҳиди заиф дар мурофиаи мақомоти давраи Ҳуснӣ Муборак айбдор кард.
XS
SM
MD
LG