Пайвандҳои дастрасӣ

Русия: "Дар ҳавопаймо ҳеҷ гуна силоҳ набуд"


Туркия иддао дорад, ки ҳавопаймои мусофирабари суриягӣ ҳомили аслиҳаи сохти Русия будааст.

Туркия иддао дорад, ки ҳавопаймои мусофирабари суриягӣ ҳомили аслиҳаи сохти Русия будааст.

Русия мегӯяд, дар ҳавопаймои суриягӣ, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард ва аз сӯи Туркия боздошт шуд, ягон хел силоҳ набуд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия эълон кард, дар ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Маскав ба Димишқ парвоз мекард ва дар Туркия водор ба фуруд ва бозрасӣ шуд, ҳеҷ силоҳе набуд ва фақат бархе таҷҳизоти электроники радарӣ дар он будааст.

Дар ҳоле, ки Туркия гуфтааст, дар ин ҳавопаймо силоҳҳои русӣ ба мақсади Сурия кашф шудааст, Сергей Лавров рӯзи ҷумъа ба як шабакаи телевизионии Русия гуфт: «Дар ин ҳавопаймо борҳое ҳам буд, ки аз тариқи қонунӣ барои як муштарии қонунӣ фиристода мешуд. Ин борҳо таҷҳизоти электронии истгоҳи радарӣ буд.»

Пас аз нишондани ин ҳавопаймо дар хоки Туркия, таниши лафзӣ миёни Маскав ва Анқара боло гирифтааст.

Аз ин пеш Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия изҳор карда буд, ки ҳавопаймо барои вазорати дифои Сурия бори низомӣ мебурд. Ин ҳавопаймо бо 30 мусофирро мақомоти низомии Туркия барои фуруд омадан дар шаҳри Анқара водор сохта буданд. Баъд аз мусодираи бори низомӣ, ҳавопаймо ба Димишқ парвоз кард.

Сурия дар робита ба ин ҳодиса Туркияро дар "амалҳои душманона" айбор намуд. Мақомоти Русия ҳам аз боздошти ҳавопаймо изҳори норозигӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG