Пайвандҳои дастрасӣ

Малола Юсуфзай, як духтараки покистонӣ, ба рамзи ҷасорат ва муқовимат бо ҷаҳолату ифротгароӣ табдил шуд.

Сӯиқасде, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Мингора, маркази водии Свот ба вуқӯъ пайваст, Покистонро такон дод. Малола маъруфтарин духтари ин шаҳр, дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки ҳамроҳ бо дугонаҳояш аз мактаб ба хона бармегашт. Ба гуфтаи шоҳидон, як марди ришдор автобуси мактабро манъ кард ва пурсид, ки миёни онҳо Малола Юсуфзай кист. Баъди шунидани посух ӯ оташ кушод ва Малолаву як дугонаашро захмӣ кард. Вале фарзияи полис каме фарқ мекунад – як намояндаи раёсати полиси Мингора гуфт, афроди мусаллаҳ сӯи Малолаву дугонаҳояш дар ҳоле тир андохтанд, ки онҳо савори автобуси мактаб мешуданд. Малола Юсуфзай аз сару гарданаш тир хурд ва ӯ фавран таассути чархбол ба бемористони низомии шаҳри Пешовар интиқол дода шуд.

Табибон тирро аз сараш берун карданд ва гуфтанд, ки вазъаш баъди ҷарроҳӣ “мӯътадил” аст. Рӯзи панҷшанбе Малола ба бемористони низомии шаҳри Равалпиндӣ интиқол ёфт, зеро ба гуфтаи табибон, барои зудтар шифо ёфтан ӯ ба таҷҳизоти муосиру навтарини тиббӣ зарурат дорад. Табиби низомӣ, полковник Ҷунайд, эълом дошт, ки вазъи Малола беҳтар аст ва барои шифоёбии захми сараш ҳафт то даҳ рӯзи аввали баъди амалиёт сарнавиштсоз хоҳанд буд.

Раҳмон Малик, вазири умури дохилии Покистон, аз аввалин мансабдороне буд, ки ба дидори Малола рафт. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, “онҳое, ки ин амалро анҷом додаанд, касе, ки сӯи духтарак тир андохтааст, ҳамаи онҳо ошкор карда Раҳмон Малик

Раҳмон Малик

шудаанд ва ман ба мардуми кишвар ваъда медиҳам, ки мо ба онҳо имкони фирор намедиҳем, онҳоро дастгир ва муҷозот мекунем”.

Генерал Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи ситоди кулли артиши Покистон, низ аз Малола Юсуфзай дар бемористон дидан кард. Ба гуфтаи ӯ, афроди тарсуе, ки ба Малолаву ҳамсабақҳояш ҳамла кардаанд, бори дигар чеҳраи воқеии худро намоиш доданд ва собит карданд, ки барои онҳо ҳаёти инсон арзише надорад. Парлумони Покистон дар як қатънома даъват кард, ки муҷримони ин ҳодиса муҷозот шаванд ва аз ҳукумат пардохти кулли хароҷоти муолиҷаи Малоларо тақозо кард.

"ГУЛ МАКАЙ" - ҚАҲРАМОНИ СВОТ

Малола се сол пеш баъди он маъруф шуд, ки дар блогаш ба тасвири даҳшатҳои рӯзҳои ҳукумати Толибон дар водии Свот шурӯъ кард. Он вақт ӯ ҳамагӣ 11 сол дошт ва фармондеҳони Толибони ҳукмрон дар водӣ амри бастани ҳама мактабҳои духтаронаро содир карданд. Ҳамон сол аввалин пораҳо аз блоги Малола дар бораи зулму ҷаҳолати Толибон дар сомонаи бахши урдуи Би-Би-Си нашр шуданд. Номи мустаори Гул Макай ба зудӣ барои сокинони гӯшаҳои гуногуни Покистон Ҳамоиши ҳамраъйӣ бо Малола Юсуфзай дар Карочӣ

Ҳамоиши ҳамраъйӣ бо Малола Юсуфзай дар Карочӣ

ошно гардид. Фақат баъди таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор гирифтани водии Свот маълум шуд, ки муаллифи матлабҳо дар бораи рӯзгори сангину пур аз ваҳшати мардум дар солҳои ҳукмронии Толибон духтараки мактабхон Малола Юсуфзай будааст.


Дар як блогаш ӯ навишта буд: «Имрӯз - охирин рӯзи дарс дар мактаб аст, аз ин рӯ мо тасмим гирифтем, ки танаффусро тӯлонитар кунем. Ман бовар дорам, ки рӯзе мактаб дубора оғӯшашро ба рӯи мо боз мекунад, аммо он лаҳзаҳо, ки мактабро тарк мекардам, дарёфтам, ки бо он хайрухуш мекунам».

"Ӯ ЯГОНА МАНБАИ ИТТИЛОЪ АЗ СВОТ БУД"

Башир Гуварш, хабарнигори покистонӣ, мегӯяд, ки он солҳо бисёриҳо Свотро тарк карда буданд ва аммо хонаводаи Малола дар Мингора боқӣ монд, зеро падари ӯ аз сарони қавм аст ва раҳбарии шӯроеро бо номи “Амн Ҷирга” бар ӯҳда дорад. Ӯ меафзояд, ки “он солҳо Малола ягона манбаи иттилои воқеӣ аз он минтақаи таҳти назорати Толибон будааст”.

Ба Малола ҷоизаи миллӣ барои ҷасорат эъто шуд ва номзадии ӯро барои дарёфти Ҷоизаи кӯдаконаи байнулмилалии сулҳ пешбарӣ карданд.

Баъд аз хабари сӯиқасд ба ҷони Малола гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон тайид кард, ки ин амалро мусаллаҳонаш анҷом додаанд. Ин гурӯҳ ҳамчунин таҳдид намуд, ҳар фарде, ки ба қавонини шариат мухолифат мекунад, мавриди ҳамин гуна ҳамла қарор мегирад. Дар як номаи намояндаи ин гурӯҳ Эҳсонуллоҳ Эҳсон, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Малола Юсуфзай дар тарғиби фарҳанги Ғарб ва носазогӯӣ дар ҳаққи Толибон айбдор ва ӯ “рамзи маъракаи зиддишариат” номида шудааст.

Дар ин нома гуфта шудааст, ки Малола ҳукумату артиши Покистонро алайҳи Малолаи маҷрӯҳро ба шифохона интиқол медиҳанд

Малолаи маҷрӯҳро ба шифохона интиқол медиҳанд

Толибон таҳрик дода, “мусалмонҳоро ба нафрини муҷоҳидин” даъват кардааст. “Бар пояи қавонини шариат, ҳар зане, ки ба навъе дар набард алайҳи муҷоҳидин нақше дорад, бояд кушта шавад”, омадааст дар номаи намояндаи гурӯҳи “таҳрики Толибони Покистон. Эҳсонуллоҳ Эҳсон дар ташреҳи сӯиқасд ҳамчунин гуфтааст, ки волидайни ин духтарак одамони худотарсанд ва ӯ дар оянда боиси шармсории онҳо мешуд. Ӯ афзудааст, Таҳрики Толибон на фақат мухолифи таҳсили духтарон, балки мухолифи таҳсили якҷояи духтарону писарон дар ҳама гуна мактабҳои мухолиф бо шариат аст.

“МО ҲАМА МАЛОЛАЕМ”

Мардуми Покистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ сӯиқасд ба ҷони Малола Юсуфзайро маҳкум карданд. Дар чанд шаҳри кишвар садҳо нафар гирди ҳам омада, ҳамларо маҳкум карданд ва алайҳи терроризму барои фардои осоиштаи атфол шиор андохтанд. “Мо ҳама Малолаем” – ин шиори садҳо занону духтароне буд, ки дар гирдиҳамоӣ дар Карочӣ, маркази тиҷоратии Покистон, ҷамъ омаданд.

Нахуствазир Парвиз Ашраф Малоларо “духтари Покистон” номид. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ҳамларо фоҷиа ва “амали ваҳшиёна” арзёбӣ кард. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар сӯиқасд онҳоеро айбдор намуд, ки дар ду ҷониби марзи миёни Афғонистону Покистон мустақар ва мухолифи рушду шукуфоии мардуманд. Лайло Зарругӣ, намояндаи вижаи СММ дар масоили марбут ба ширкати кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона, ҳамла ба Малоларо ғайри қобили таҳаммул хонд.

Башир Гуварш, хабарнигори покистонӣ, мегӯяд, ки духтарони ҷасуре чун Малола дар Покистон хеле зиёданд ва ҳамла ба Малола барои он боиси сару садои зиёд шуд, ки мардум ӯро мешинохтанд. “Аз ин пеш Толибон ду духтараки дигарро ҳам барои ғарбгароӣ қатл карда буданд, аммо онҳоро касе намешинохт, аз ин рӯ ин куштор дар матбуот бозтоб наёфт”,- мегӯяд ӯ.

Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, шояд ҷасуртарину боҷуръаттарин занони покистонӣ – овозхону ҳунармандҳои маҳаллианд, ки бо вуҷуди таъқибу фишори Ҳунарпеша Вино Малик борҳо ҷаҳолати мазҳабиро дар Покистон интиқод кардааст

Ҳунарпеша Вино Малик борҳо ҷаҳолати мазҳабиро дар Покистон интиқод кардааст

шадид саҳнаро тарк намекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин сол ду хонуми ҳунарманд - Ғизола Ҷовид, Ёсуман Гул ва пештар аз онҳо Шамим кушта шуданд. Низоя Иқбол, дигар овозхони маъруфи покистонӣ, баъд аз рабуда шудани ду писараш аз сӯи афроди ифротгаро эълом дошт, ки дигар овозхонӣ намекунад ва аммо баъдан дубора ба саҳна баргашт.

Дигар аз ҳунармандҳои ҷасури Покистон Вино Малик аст, ки ба ситораи синамои кишвари ҳамсоя Ҳиндустон низ табдил шудааст. Ӯ соли равон дар як намоиши телевизионӣ бо рӯҳонии шинохта муфтӣ Абдул Қавӣ вориди бархӯрди лафзӣ шуд. Вино Малик дар посух ба интиқоди муфтӣ аз ҳирфаи ин ситораи саҳна ва барои кишвар беобрӯӣ будани ҳунараш гуфт, ки “баъзе рӯҳониёни исломӣ ба номуси шогирдони худ, ки ба онҳо дар мадрасаҳо таълим медиҳанд, таҷовуз ва аз ин ҳам корҳои бадтар мекунанд. Покистон барои беобрӯӣ иллатҳое бештар аз Вино Малик дорад.”

ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАМ МАЛОЛАҲО ҲАСТАНД?

Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи башар ва раиси маркази “Перспектива+” мегӯяд, ки ҷасорати Малола воқеъан ҳам шоистаи ситоиш аст. Ба гуфтаи ӯ, занони Афғонистону Покистон бо вуҷуди вазъи сангини кишварҳояшон дар ҷуръату ҷасорат аз занҳои тоҷик фарсахҳо пеш гузаштаанд. Хонум Бобоназарова меафзояд, дар Тоҷикистон то ҳол ягон зан ҷуръат накардааст, ки даъвои раҳбарии кишварро кунад, аммо Беназир Бҳутто солҳо нахуствазири Покистон буд, дар Афғонистон бошад вакили парлумон Фавзия Куфӣ аз ҳоло эълом доштааст, ки дар интихоботи навбатӣ номзадии худро ба мақоми раисиҷумҳури Афғонистон пешбарӣ хоҳад кард.

Занҳои афғон аз ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд, чанде пеш якеро шаллоқ заданд, дигарҳо бармехеста гирдиҳамоӣ доир карданд. Хонум Бобоназарова аз дигар зане ёдовар шуд, ки додситони як вилояти Афғонистон аст ва ҳарчанд Толибон манзилашро тарконидаанд, ӯ аз мубориза даст набардоштааст.

Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, сабаби камҷуръатии занҳои тоҷик аз идеологияи замони шӯравӣ маншаъ мегирад. “Дар мо на фақат духтарони наврас, балки занони сиёсатмадор аз ҳизбҳои гуногун ҷуръату ҷасорат надоранд. Ва ин мероси замони шӯравӣ аст, ки он вақт занҳо новобаста ба истеъдоду лаёқаташон ба ин ё он вазифа пешбарӣ мешуданд. Агар шумо истеъдод ҳам дошта бошед, вале маъқул набошед, ба ягон вазифа пешбарӣ намешавед”, мегӯяд ӯ.

Хонум Бобоназарова меафзояд, солҳои ахир дар Тоҷикистон фақат як зан алайҳи хушунати ҷинсӣ аз сӯи раҳбараш садо баланд кард ва аммо садои ӯро ҳам хеле зуд хомӯш карданд. Баъзе талошҳои заъифи муқовимат ба тасмими манъи рӯсарӣ дар мактабу донишгоҳҳо низ ба чашм расиданд.

Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, дар Осиёи Марказӣ занҳои қирғиз бештар ҷасуру боҷуръатанд - дуву ним сол пеш дар рӯзҳои барои Қирғизистон басо сангин маҳз як хоунм Роза Отунбоева сарварии кишварро бар ӯҳда гирифт ва баъди таъмини субот ва хатми мӯҳлати раёсаташ курсиро ба президенти интихобшуда супурд.

Айнура Асанкоҷоева, хабарнигори қирғиз мегӯяд, ки ҷасорату далерии занони қирғиз решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва аз он на фақат дар достони маъруфи “Манас”, балки дар дигар достонҳои маъруф, аз ҷумла, дар “Ҷанил Мирзо” ситоиш шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар қарни 19 зани қирғиз Қурманҷон Додхоҳ пешвои қирғизҳои Олой буд ва қирғизҳо ӯро чун “Маликаи Олой”, “Маликаи ҷануб” ва “Модари миллат” ном мебурданд. Ба ин зани ҷасур дар хонигарии Қӯқанд рутбаи додхоҳ ё генерал ва дар артиши императории Русия рутбаи полковник эъто шуда буд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG