Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоренс Поуп-сафири нави ИМА дар Либия


 Виктория Нуланд-сухангӯи департаменти давлатии ИМА
Виктория Нуланд-сухангӯи департаменти давлатии ИМА
Рӯзи панҷшанбе ИМА Лоренс Поупро ба мақоми сафири ИМА дар Либия пешбарӣ кард. Собиқ сафири ИМА дар Либия Кристофер Стивенс моҳи гузашта ҳангоми ҳамла болои консулгарии ИМА дар шаҳри Бенғозӣ ба қатл расида буд. Виктория Нуланд-сухангӯи департаменти давлатии ИМА мегӯяд, таъйини Поуп гувоҳи он мебошад, ки ИМА ба равобиташ бо Либия ва мардуми ин кишвар, ки баҳри бунёди ҳукумати демократӣ талош доранд, эҳтиром қоил аст. Поуп феълан дар шаҳри Троблус мебошад. Қаблан ӯ дар сафорати ИМА дар кишвари африқоии Чад ифои вазифа кардааст.
XS
SM
MD
LG