Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон истеҳсоли нафту гази худиро зиёд кард


Корхонаҳои истихроҷи нафту гази Тоҷикистон дар 9 моҳи ахири соли равон ба миқдори 9 миллиону 361 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истеҳсол кардаанд, ки ин дар муқоиса бо талаботи кишвар ба маротиб кам аст. Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 11-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин миқдор гази табиӣ ба сокинон ва корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд ва ба Исфараю Конибодом интиқол дода шуд. Масъулини Вазорати энергетика иттилоъ медиҳанд, ки корхонаи «Нафту газ ва ангишт» истихроҷи нафтро ба 2360 тонна расонидаст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 820 тона бештар аст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ ширкати истихроҷи нафти мавсум ба «Салоса»беш аз 600 тонна нафт истеҳсол ва коркард намуда, ба ширкатҳову корхонаҳо фурухтааст.

Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои итихроҷи нафт дар Тоҷикистон ба мисли «Петролиум Суғд»,»Азизӣ», "Салоса", «Нафти Темурмалик» ва дигар ба пармакунии чоҳҳо машғул мебошанд. Масъулини энергетика ширкати «Суғднафтугаз»-ро мисол оварданд, ки дар чоҳи рақами 16 мавсум ба «Маҳрам» жарфнои 520 метрро дар 9 моҳи соли равон парма кардааст, ки то кунун чуқурии 4 ҳазору 440 метрро дар бар мегирад.
Вазорати Энергетика ва саноати Тоҷикистон мегуяд, ки ширкатҳои истеҳсоли газ ба мисли «Кӯлобгаз», «Қурғонтеппагаз»,»Румигаз», «Тоҷиктрансгаз», тавонистаанд нисбати нақша гази бештар истеҳсол намоянд.

Масъулини Тоҷикистон ният доранд тавассути истихроҷ ва коркарди нафту гази худӣ, пойбандиро ба Узбакистону Русия дар ин бахшҳо коҳиш диҳанд.
Айни ҳол гази табиӣ асосан аз Узбакистон ворид мешавад, ки барои ду корхонаи бузурги саноатӣ- «Тоҷиксемент» ва «ТАЛКО» масраф мегардад. Сокниони шаҳри Душанбе ва навоҳии дигари кишвар мегуянд, ки солҳо боз дар хонаҳои худ гази табиӣ надоранд. Масъулини энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд беҳбуди таъмини мардум бо газ танҳо баъди коркарди захираҳои худӣ имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG