Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон вазири умури дохилии Русияро ба ҳузур пазируфт


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири дифои Русия.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо вазири дифои Русия.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбе вазири умури дохилии Русия, Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе 10-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, президенти Тоҷикистон қабл аз оғози ҷаласаи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, вазири умури дохилаи ин кишвар Владимир Колоколтсевро ба ҳузур пазируфт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин дидор масоили мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон хостори тақвияти ҳамкориҳои мақомоти қудратии Русияву Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта ва дастгир кардани ҷинояткорон дар қаламрави ин кишварҳо шудааст.

Ба дунболи ин мулоқот дар пойтахти Тоҷикистон коллегияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон ба кори дурӯзаи худ оғоз кард. Интизор меравад дар ҳошияи ин нишаст, қарордоди таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ба имзо расад.


ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР ХОҲАД ШУД
XS
SM
MD
LG