Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиёда аз 50 муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия корпартоӣ эълон кардаанд.

Онҳо кӯчарӯбоне ҳастанд, ки мегӯянд, ду моҳ боз аз корфармои худ дастмузд нагирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши онҳо ҳамагӣ 9 000 рубли русиро ташкил медиҳад ва онҳо маҷбуранд, пули иҷораи манзили худро низ бипардозанд.

Раҳбари коршиканон Соҳиб Раҷабов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкате, ки бино бар шартнома бо шаҳрдории Санкт-Петербург бояд маоши онҳоро пардозад, дар ҳафтаи аввали моҳи октябр гуфтааст, иттиҳодияи «Жилкомсервис»-и шаҳр аз пардохти музд саркашӣ кардааст.

Як иттиҳодияи касбии Русия бо номи созмони байниминтақаии “Иттифоқҳои нави касаба” ба ҳимояти коршиканҳо бархостааст. Муовини раиси ин созмон Петр Принев ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби коршиканҳо комилан қонунист ва созмони ӯ барои барқарор шудани адолат тамоми талошро хоҳад кард.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир миёни ин созмон ва хадамоти шаҳрии «Жилкомсервис» гуфтушунид идома дорад. Ҷолиб аст, ки хадамоти шаҳрӣ мегӯяд, ширкатеро, ки бо кӯчарӯбон созишнома бастааст, намешиносад. Дар зимн, мавридҳои ин ки ширкатҳои миёнарав на танҳо аз муҳоҷирон ба ҳайси арзонтарин нерӯи кор истифода мекунанд, балки гоҳо музди онҳоро намедиҳанд, дар Русия зиёд иттифоқ меафтад.

Ноиб-губернатори Санкт-Петербург Сергей Козирев гуфтааст, ҳоло дар ин шаҳр наздик ба 8000 кӯчарӯб кор мекунад ва дар назар аст, боз 2500 нафарри дигар ҷалб шавад, то шаҳр тавонад, ба зимистон омодагии дуруст дида бошад. Вай ба аъзои маҷлиси шаҳрӣ гуфтааст, ки бе нирӯи муҳоҷирон нахоҳад тавонист, ин теъдод аз кормандонро ба нигаҳдории тозагӣ дар кӯча ва ҳавлиҳои шаҳр ҷалб кунад.

Муовини раиси “Иттифоқҳои нави касаба” Петр Принев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори итминон кард, ки мушкили муҳоҷирони тоҷик ҳал хоҳад шуд. Вай гуфт, аксари кулли корпартоён муҳоҷирони қонуниянд, вале мумкин аст, мӯҳлати асноди бархе аз онҳо гузашта бошад. “Ба ин сабаб кордиҳандагон ба онҳо таҳдид мекунанд, ки ба хадамоти муҳоҷират хабар дода, чунин касонро ихроҷ мекунанд.”

Дар ҳоли ихроҷ ё депортатсия муҳоҷир наметавонад то 5 соли дигар ба қаламрави Русия ворид шавад.

Ба пурсиши мо, ки оё ин ҳақталабӣ сабаби аз кор ронда шудани муҳоҷирон нахоҳад шуд, ҷаноби Принев гуфт: “Мо ба ин роҳ намедиҳем. Мо вакилони маҷлиси шаҳриро низ аз вазъият огоҳ кардаем ва инчунин дар ҳукумати шаҳр шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд, тамоми чиз аз рӯи қонун ҳал шавад. Ин одамон пули худро бо меҳнати сахт ва арақи ҷабин ҳалол кардаанд ва бояд онро гиранд. Фарқ намекунад, онҳо шаҳрванди кадом мамлакатанд.”

Раҳбари коршиканон, шаҳрванди Тоҷикистон Соҳиб Раҷабов гуфт, ин аввалин бор аст, ки кордиҳандаи онҳо аз пардохти музди кор саркашӣ кардааст, вале ба хотири доштани пуштибон ҳамаи корпартоён ба “Иттифоқҳои нави касаба” аъзо шуданд ва дилпуранд, ки аз ин ба баъд касе наметавонад, ҳуқуқи онҳоро поймол кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG