Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Олға ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд


Владимир Козлов дар додгоҳ

Владимир Козлов дар додгоҳ

Раҳбари мухолифини Қазоқистон Владимир Козлов ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ду фаъоли дигари мухолифин – Серик Сапарғалӣ ва Оқжанат Аминов – мутаносибан 4 ва 3 сол ҳукм гирифтанд. Додгоҳ ҳарсеро дар ташкилу раҳбарии гурӯҳи ғайриқонунӣ, барангехтани адовати иҷтимоӣ ва даъват ба сарнагун сохтани низоми қонунии Қазоқистон муҷрим шинохт. Ин иттиҳомот ба корпартоии коргарони нафткаш дар шаҳри Жанаозен, ки дар декабри соли гузашта ба хушунат печид ва 17 кушта ба ҷо гузошт, иртибот мегирад. Козлови 52-сола, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи Олға парвандаашро сиёсӣ меномад.
XS
SM
MD
LG