Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои амниятии Покистон садди роҳи эътирозгарон шуданд


Нерӯҳои амниятии Покистон ба корвони мошинҳо бо шиорҳои зиддиамрикоӣ иҷозаи вуруд ба минтақаи Вазиристони ҷанубиро надоданд.

Дар ин корвон таҳти сарварии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Имрон Хон дасти кам 10 ҳазор нафаре буданд, ки муқобили зарбаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба Покистонанд. Ба гуфтаи онҳо, бар асари ин зарбаҳо бештар сокинони осоишта кушта мешаванд.Миёни раҳпаймоён шаҳрвандони ИМА аз созмони зиддиҷангии Code Pink ҳам ҳастанд.

Садҳо низомиён роҳи корвони мошинҳоро дар чанд километрии марзи Вазиристони ҷанубӣ бастанд. Музокирот миёни эътирозгарон ва низомиён чанд соат идома кард ва баъд аз он Имрон Хон изҳор намуд, ки корвони мошинҳо ба шаҳри Танки вилояти Хайбар Пахтунхва бармегардад ва ӯ он ҷо дар гирдиҳамоӣ суханронӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG