Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон Зайнулобиддин Ҷӯраев, сокини ҳаштодсолаи Исфараро ба ҳашт соли зиндон маҳкум кардааст.

Зиёуддин Ҷӯраев, сокини 80-солаи шаҳри Исфара, ки тобистони соли ҷорӣ ба рӯи раиси Додгоҳи ин ноҳия -- Абдуҳамид Давронов тезоб ё кислота пошида буд, ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Зиёуддин Ҷӯраев, дар ин бора рӯзи шашуми октябр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, додгоҳ нафари таҳти ҳимояташро бар асоси ду банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне "таҳдиду зӯроварӣ нисбат ба судя" ва "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ" муҷрим шинохтааст.

Муҳокимаи парвандаи сокини ҳаштодсолаи Исфара аз чанд рӯзи пеш дар додгоҳ ё суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд оғоз ёфта буд. Вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ин кор ба хотири бетарафона сурат гирифтани муҳокима ба додгоҳи ноҳияи Шаҳристон бурда шуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ҷабрдида Абдуҳамид Давронов қаблан раёсати Додгоҳи Исфараро бар дӯш дошт ва ҳамкоронаш метавонистанд аз ӯ тарафгирӣ кунанд.

Зиёуддин Ҷӯраев дар додгоҳ ҷурми худро ба дӯш гирифта, гуфтааст, ба паёмади ин ҳодиса аз қабл омода буд. Ӯ дар тобистони соли ҷорӣ ба рӯи додрас Абдуҳамид Давронов тезоб ё кислота пошид, ки дар натиҷа чеҳра, чашми чап ва дигар узвҳои додгустар сӯхтаанд.

Ин сокини Исфара аз соли 2003-юм дар додгоҳи ин шаҳр баҳси соҳибмулкӣ ва истифодаи қитъаи замин дошта, ба гуфтаи худи ӯ, аз бархӯрди номуносиби додрас ба хашм омадааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG