Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи "калидии" Тоҷикистону Русия имзо шуд


Тоҷикистону Русия созишномае имзо карданд, ки бар асоси он пойгоҳи 201-уми Русия то 30 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳад монд. Музокирот сари тамдиди ҳузури пойгоҳ тақрибан 2 сол идома дошт ва тарафҳо дар бораи шароиту мӯҳлати он ихтилофоти амиқи назар доштанд. Русия мехост, ки Тоҷикистон пойгоҳи онро ройгон ва 49 соли дигар мизбонӣ кунад, аммо давлати Тоҷикистон хоста буд, ки Русия барои пойгоҳ 250 миллион доллар бипардозад. Владимир Путин дар бораи ин созишнома гуфт: “Санади калидӣ, созишнома дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон буд, ки барои 30 сол ё то соли 2042 боқӣ мондани пойгоҳро пешбинӣ мекунад.“ Мӯҳлати ҳузури дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2014 ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG