Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният рафтори Сурияро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамлаи тӯпхонаи Сурия ба Туркияро маҳкум кард, ки дар ин ҳамла нафар кушта шуданд. Понздаҳ узви шӯро дар баёнияи гуфтанд, “чунин ҳамалот нақзи қонунҳои байналмилалӣ аст ва бояд фавран поён ёбанд ва такрор нашаванд.” Дар посух ба ҳамлаи тӯпхона ба як рустои марзиаш дар рӯзи чаҳоршанбе, Туркия рӯзи панҷшанбе ба мавзеъҳое дар Сурия аз тӯпхона ҳамла карда. Бино ба гузоришҳо дар ин ҳамла 5 сарбози Сурия кушта шудаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико вокуниши Туркияро дуруст хондааст. Сафири Туркия дар Созмони Милал гуфт, кишвараш хоҳони шиддати гирифтани низоъ нест ва мехоҳад, бо ҳамсояҳояш муносибати хуб дошта бошад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия гуфт, кишвараш қасди ҷанг бо Сурияро надорад.
XS
SM
MD
LG