Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон "Рӯзи забон"-ро таҷлил мекунад


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш ба муносибати «Рӯзи забон дар кохи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ тарзи баён ва навишти матн бо забони давлатӣ аз тарафи наттоқони шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистонро шадидан танқид кард.
Президенти Тоҷикистон аз Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи забон ва Фарҳангитони улуми кишвар даъват кард, ки дар амри эҳтиром ба забони давлатӣ ва дуруст истифода бурдани ибораҳову тарзи баён ба кумитаи давлатии телевизион кумак кунанд ва ба ғалатнависӣ хотима гузошта шавад.
Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 22 июли соли 1989 тасвиб шуда, ба забони тоҷикӣ дар ин ҷумҳурии дар он айём ҳанӯз таҳти султаи Шӯравӣ мақоми давлатӣ дод.
Тоҷикистон тайи 20 сол Иди забонашро рӯзҳои 22 июл таҷлил мекард, вале парлумони Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5 октябр кӯчонд, ки иттифоқан зодрӯзи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG