Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия оташборони Сурияро аз сар гирифт


Шаҳраки Оқчақалъаи Туркия баъди ҳамлаи нерӯҳои Сурия

Шаҳраки Оқчақалъаи Туркия баъди ҳамлаи нерӯҳои Сурия

Субҳи панҷшанбе артиши Туркия оташборони ҳадафҳо дар дохили қаламрави Сурияро аз сар гирифт. Як рӯз пеш аз он гулӯлаи аз Сурия партоб шуда, дар хоки Туркия панҷ нафарро ба ҳалокат расонда буд. Артиши Туркия вафаъолони Сурия мегӯянд, нерӯҳои Туркия минтақаи Тал Абядро ҳадаф қарор доданд, ки дар масофаи тахминан 10 километр аз марзи миёни Сурияву Туркия ҷойгир аст. Ба гуфти онҳо ҳамлаи Туркия як идда сарбозони вафодор ба президенти Сурия Башор ал-Асадро ба қатл расондааст. Ҳукумати Туркия изҳор намудааст, ки ҳоло барои идомаи амалиёт дар дохили хоки Сурия парламент истифодаи нерӯ дар хориҷи кишварро иҷозат диҳад. Дар ҳамин ҳол Иброҳим Калин- ёвари баландпояи сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, мегӯяд, Туркия манфиатдори ҷанг бо Сурия намебошад. Ӯ таъкид кардааст, ки Туркия ташаббусҳояш баҳри ҳалли осоиштаи бӯҳронро идома медиҳад. СММ ва НАТО аз Сурия хостаанд, ки тамомияти арзии ҳамсоя-кишварҳоро эҳтиром кунад.
Дар Исломобод вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз Сурия даъват кард, ки расман тасодуфӣ будани оташборони Туркияро эътироф намуда, ӯҳдадорӣ гирад, ки чунин амал такрор намешавад.
XS
SM
MD
LG