Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин баҳси рӯбарӯи Обама ва Ромнӣ


Имшаб нахустин баҳси телевизионии раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳаш дар интихоботи 6-уми ноябр Митт Ромнӣ доир хоҳад шуд.

Баъди чанд моҳи корзори алоҳида, ҳарду муддаии курсии раҳбарии Амрико дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо 90 дақиқа баҳси рӯбарӯ хоҳанд кард. Баҳси онҳо соати 9 шаби чоршанбе ба вақти Денвер (соати шаши субҳи панҷшанбе ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Ин баҳси аввал аз 3 баҳси телевизионист, ки байни Обама ва Ромнӣ дар ин корзори пешазинтихоботӣ доир хоҳад шуд.

Охирин назарсанҷиҳо бартарии андаки Обамаро нишон медиҳанд, вале таҳлилгарон мегӯянд, Ромнӣ дар сурати комёбӣ дар баҳси шаби чоршанбе, метавонад ба ҳарифаш бирасад. Кайл Кондик, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Маркази сиёсатҳои Донишгоҳи Вирҷиния мегӯяд, ҳарчанд баҳсҳо муҳиманд, вале таърихан дар райъгирии ниҳоӣ асар надоштаанд: “Яқинан, Ромниро лозим аст, ки дигар мутмаинан ба ягон иштибоҳи бузург роҳ надиҳад. Ва шояд ӯ талош кунад, то президентро ба ягон иштибоҳ таҳрик диҳад. Дар мавриди чӣ қадар мавзӯъи муҳим будани баҳсҳо суолҳое вуҷуд дорад, вале бо такя ба ин, ки ин баҳсҳо аз рӯйдодҳои бузурги тақвиманд, зоҳиран Ромниро зарур аст, ки ин ҳамаро хуб анҷом диҳад. Бо назардошти ин ки ӯ дар сабқати президентӣ ақиб мондааст.”

Маъракаи пешазинтихоботии Ромнӣ дар ин авохир бо як силсила моҷароҳо рӯбарӯ буд, ки як моҷарои умдааш нашри навори видеоии сӯҳбати ӯ бо кӯмакрасонҳои сарватманд буд. Ромнӣ дар ин сӯҳбат гуфт, 47 дарсади амрикоиҳо, ки рӯи ин ё он навъи имтиёзҳои давлатӣ ҳисоб мекунанд, ҳеҷ гоҳ “масъулияти шахсӣ... барои зиндагии худро” ба дӯш нахоҳанд гирифт.

Дар баҳси имшаб болои Ромнӣ ҳамчунин фишор хоҳанд овард, то ҷузъиёти барномаи иқтисодиашро рӯшан ва ба интихобкунандагон собит кунад, ки пешниҳодҳои ӯ беҳтар аз он чист, ки Обама мегӯяд. Ба Ромнӣ ҳамчунин лозим аст, ки мизони маҳбубияташро боло барад. Як назарсанҷии охир ҳокист, ки дар миёни афроди барои амрикоиҳо номаҳбуб, Ромнӣ ҳатто аз раисиҷумҳури собиқ Ҷорҷ Буш болотар аст. Ин дар ҳолест, ки баҳсҳои қаблии Ромнӣ дар дохили ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳам чандон суфтаву ҳамвор набуд ва баъзан аз забони ӯ ибораҳое берун меҷаст, ки ба зиёнаш кор мекард.

Вале собиқаи баҳсҳои Обама низ чандон хубе нест. Ӯ бо асабонӣ кардани мунтақидонаш ва бо вуруди назарбаландонаву фориғболона ба саҳнаи баҳс маъруф аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Обама бояд интихобкунандагонро мутмаин созад, ки ончӣ ки дар давраи аввали раёсаташ анҷом надод, аз ҷумла ваъдааш ба эҳёи иқтисоди Амрикоро дар даври дувум ба поён хоҳад расонд.


Кайл Кондик мегӯяд, бартарии Обама дар назарсанҷиҳо имкон медиҳад, ки ӯ дар баҳси имшаб худро роҳат ҳисс кунад, вале бояд ҳатман эҳтиёт ҳам кунаду гоҳе ҳам - ҳозирҷавобӣ. Чунин як ҳолат дар баҳси 4 сол қабли пешазинтихоботии ӯ бо Ҳилларӣ Клинтон пеш омада буд. Муҷрии баҳс аз хонум Клинтон пурсид, ки оё назар ба ӯ болотар будани маҳбубияти Обама дар байни мардум ба вай сахт намерасад? Обама бидуни онки сар аз коғаз боло кунад, ҳозирҷавобӣ кард ки: “Шумо ба қадри кофӣ маҳбубед, Ҳилларӣ!”

Обама ва Ромнӣ дар маҷмӯъ 3 баҳси рӯбарӯ хоҳанд дошт. Баҳси дувуми онҳо рӯзи 16 октябр дар Ню-Йорк рӯи масоили ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ, ки 22 октябр жар Флорида доир мешавад, Обама Ромнӣ асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ хоҳанд пардохт. Дар ин миён рӯзи 11 октябр ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ва номзад ба ноибӣ дар тими Ромнӣ – Рол Раян – низ як баҳси алоҳидаи рӯбарӯ хоҳанд дошт. Баҳси ду ноиб дар шаҳри Денвилли аёлати Кентаккӣ баргузор хоҳад шуд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Тибқи назарсанҷиҳо, Обама феълан нисбат ба рақибаш Ромнӣ каме бартарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG