Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Каримов аз Туркманистон ба поён расид


Туркманистону Узбакистон дар ҷараёни музокироти руасои ин ду ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Ислом Каримов дар Ишқобод дар мавриди аҳамияти рушди хутути иртибототӣ ва зарфиятҳои тиҷорати дуҷонибаву минтақавӣ тавофуқ кардаанд. Умедвории ду раҳбар бештар рӯи коридори Чин-Қафқоз-Туркия аст, ки имкони дастрасии ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ба бозорҳои байналмилалиро бештар мекунад. Сафари дурӯзаи Каримов ба Туркманистон дирӯз ба поён расид.
XS
SM
MD
LG