Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба беҳбудии равобит бо Тифлис умед мебандад


Ҷонибдорони Иванишвилӣ дар хиёбони Тифлис

Ҷонибдорони Иванишвилӣ дар хиёбони Тифлис

Маскав умедвори беҳбудии равобит бо Тифлис аст. Ин изҳороти раиси Шӯрои Федератсиони Русия Валентина Мативиенко дар ташреҳи натоиҷи интихоботи парлумонии Гурҷистон садо дод.

Айни ҳол Комиссиюни марказии интихоботии Гурҷистон 25 дар сади баргаҳои раъйдиҳиро ҳисобу китоб кардааст. Ҳизби мухолифи “Орзуи гурҷӣ”, ки ба он миллиардер Бидзина Иванишвилӣ сарварӣ мекунад, тақрибан 53 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст. Аз ҳизби “Ҷунбиши ягонаи милли”-и раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ 41,5 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пуштибонӣ караанд. Дигар аҳзоби сиёсӣ камтар аз 3 дар сади овозҳоро ба даст овардаанд.

Барои 150 курсии парлумон номзадҳо аз 16 ҳизб талош карданд. Ҳизбе, ки бештари мандаҳои парлумонро соҳиб шудааст, баъд аз интихоботи президентии соли 2013 соҳиби қудрат дар Гурҷистон хоҳад шуд, зеро бар пояи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ Гурҷистон ба ҷумҳурии парлумонӣ табдил мешавад.
XS
SM
MD
LG