Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Суқути арзиши риёл далели муваффақияти таҳримҳост"


Амрико мегӯяд, уфти арзиши пули миллии Эрон, нишонаи муваффақияти таҳримҳо барои мутаваққиф кардани барномаи ҳастаии Теҳрон аст.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, Эрон ба таври рӯзафзун аз таъсири таҳримҳои сангини Ғарб барои пешгирӣ аз фурӯши нафти худ ранҷ мебарад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон ҳар чӣ бештар аз системаи молии ҷаҳонӣ дар ҳошия мемонад ва ҳаҷми чашмгире аз нафти Эрон дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш намеравад.

Изҳороти хонум Нуланд дар ҳоле баён мешавад, ки рӯзи душанбе (1-уми октябр) шитоби афзоиши қимати доллар дар бозорҳои арзи Эрон рукуди бесобиқаеро бар ҷой гузошт ва аз субҳи душанбе то асри ҳамон рӯз, қимати доллар 500 туман афзоиш ёфт.

Бар асоси охирин гузоришҳо аз бозори арзи Теҳрон, қимати фурӯши ҳар доллар дар асри рӯзи душанбе ба 3550 туман расидааст, ки нисбат ба рӯзи гузашта 17 дарсад ва нисбат ба ҳафтаи гузашта ҳудуди 30 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико
Ин дар ҳолест, ки дар охирҳои соли гузашта ҳар доллари амрикоӣ дар бозори арзи Эрон 1300 туман фурӯхта мешуд ва ин рақам дар январи соли 2011-ум ҳудуди 1040 туман буд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, арзиши пули миллии Эрон дар ҳоли суқут аст ва ширкатҳои байналмилалӣ низ аз ҳар гуна муомила бо ширкатҳои эронӣ худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, "аз назари мо ин воқеият нишондиҳандаи муваффақияти рӯзафзун ва мутаваққиф нашудании фишорҳои байналмилалист, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба иқтисоди Эрон эъмол кардааст."

Таъсири таҳримҳои ҷорӣ алайҳи барномаи ҳастаии Эрон бар иқтисод ва арзиши пули миллии Эрон дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико баъд аз нишасти ҳафтаи гузашта Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк, пиромуни тасвиби даври наве аз таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро барои боздоштани Исроил аз ҳамлаи низомӣ ба таъсисоти ҳастаии ин кишвар, оғоз кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, мақомоти расмии аврупоӣ гуфтаанд, вазирони умури хориҷии Иттиҳодия Аврупо дар 15-уми октябр дар Люксенбург дар бораи даври нави таҳримҳо алайҳи Эрон музокира хоҳанд кард.

Хонум Нуланд гуфтааст, "Эрон дар сурати набуди фишорҳое, ки мо дар бораи он сӯҳбат мекунем, ҳеҷ вақт ба мизи музокироти ҳастаӣ бо гурӯҳи панҷ ба иловаи як, намеояд."
XS
SM
MD
LG