Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 200 000 доллар барои қатли муаллифи филм


Раҳпаймоии Пешовар
Раҳпаймоии Пешовар
Як вакили собиқи парлумони Покистон барои қатли муаллифи филми зиддиисломии “Бегуноҳии мусалмонҳо”, ки хашми ҷаҳони Исломро барангехт, 200 000 доллар ҷоиза пешниҳод кардааст. Икромуллоҳ Шаҳид ин ҷоизаро дирӯз дар як раҳпаймоии ҳудуди 15 000 нафар дар шаҳри Пешовар эълон кард. Ин раҳпаймоиро Шӯрои дифоъи Покистон, ки чатри сиёсии гурӯҳҳои тундрави исломиву ситезаҷӯст, раҳбарӣ мекард. Қаблан вазири роҳи оҳани Покистон Ғуломаҳмад Билур низ барои қатли муаллифи ин филм 100 000 доллар ваъдаи ҷоиза дода буд. Дар эътирозҳои зидди филм дар Покистон дастикам 23 нафар кушта шуданд. Накула Басселӣ, ки гумон меравад, “Бегуноҳии мусалмонҳо”-ро сохта бошад, феълан дар Амрико боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG