Пайвандҳои дастрасӣ

Умедвории Душанбе ба ҳалли баҳси пойгоҳ


Манобеъи Интерфакс дар ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки Душанбеву Маскав ба имзои қарордоди пойгоҳи Русия наздик шудаанд ва танҳо иродаи сиёсӣ лозим аст, ки ин қарордод имзо шавад ваё барои такмил ба коршиносон ирсол гардад. Ин манобеъ ҳамчунин изҳори умед кардаанд, ки Русия бунёди нирӯгоҳҳои миёна дар Тоҷикистонро бар ӯҳда хоҳад гирифт.
Қарор аст, ин масоил зимни боздиди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз Тоҷикистон, ки бояд 4 октябр доир шавад, мавриди баррасии тарафҳо қарор бигиранд. Қаблан фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди артиши Русия Владимир Чиркин гуфта буд, ки имзо шудани қарордоди пойгоҳи 201-ум дар соли ҷориро ба маҳзи ихтилофоти назари тарафҳо баъид медонад.
XS
SM
MD
LG