Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Каримов ба Туркманистон меравад


Қарор аст, Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон, фардо якуми октябр ба Туркманистон сафар кунад. Дар ҷараёни сафари дурӯза ӯ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили байналмилалиро баррасӣ хоҳад кард. Ислом Каримов дар ин мулоқот зоҳиран мухолифат ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистонро матраҳ хоҳад кард, ки ба гуфтаи ӯ, Ӯзбакистону Қазоқистон ва Туркманистонро мӯҳтоҷи об хоҳанд кард. Ислом Каримов аввали ҳамин моҳ дар Қазоқистон низ ин масъаларо матраҳ кард, аммо Нурсултон Назарбоев бо ӯ ҳамовоз нашуд.
XS
SM
MD
LG